Баргузории вохурии иттилоотӣ дар Колеҷи техникию омузгории ноҳияи Рудакӣ

0
432

22 сентябри соли 2023 дар Колеҷи техникию омузгории ноҳияи Рудакӣ аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рудакӣ чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Чорабиниро ҷонишини директори колеҷи техникию омузгории ноҳияи Рудакӣ ҳусни оғоз бахшида, сипас Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Сипас Додова Ӯзбаквӣ, танзимгари барномаи “Иттилоот ва хадамоти ҷустуҷу”-и филиали ҶҲАТ Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳатятулло Нуров оид ба фаъолияти башардустонаи ҶҲАТ ва хадамоти ҷустуҷӯ  суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 22 сентябри соли 2023