Баргузории вохурии иттилоотӣ дар Колеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

0
417

25 сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии Колеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Роғун чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Чорабиниро ҷонишини директори Колеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун ҳусни оғоз бахшида, сипас Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Сипас Нуруллоев Ислом, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Роғун оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар шаҳри Роғун суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 35 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.