Имрӯз дар колеҷи тиббии шаҳри Ҳисор аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Ҳисор чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Чорабиниро муовини директори колеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҳусни оғоз бахшида, сипас Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди донишҷуён посух дод.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар донишҷуёни колеҷ фаъолона иштирок намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Хуршед Мардонов, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Ҳисор донишҷӯёнро ба сафи волонтёрони ҶҲАТ даъват намуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 6 июни соли 2023