21 сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №6-и ба номи Юсуф Раҷабови ноҳияи Варзоб аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Варзоб чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Чорабиниро директори МТМУ-и №6-и ноҳияи Варзоб ҳусни оғоз бахшида, сипас Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 80 нафар талабагон ва омӯзгорони муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Дилафруз Шерова, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Варзоб оид ба фаъолияти башардустонаи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Варзоб суханронӣ намуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли 2023