19 ноябри соли 2021 аз ҷониби Нодир Аминзода масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон (ҶҲАТ) ва Узбаквӣ Додова, танзимгари иттилооти ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар хамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Шаҳринав Баҳриддин Калонов вохурии иттилоотӣ дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Ин вохурӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-и ба номи Шариф Сафари деҳаи Шарифобод ноҳияи Шаҳринав бо иштироки 40 нафар мактаббачагон ва омўзгорони ин мактаб ташкил карда шуд.
Дар вохурӣ аз ҷониби Нодир Аминзода ва Узбаквӣ Додова оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳои мухтасар доир гардида, ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамчунин, котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Шаҳринав Баҳриддин Калонов дар бораи фаъолияти бахш ба ҳозирин маълумот дод.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 19 ноябри соли 2021