22 ноябри соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Файзобод намояндаи барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Файзобод вохурии иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ ба омӯзгорон ва хонандагони синфхои болоӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, эҳтироми аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои волонтёр шудан ба ҶҲАТ суханронӣ намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 60 нафар иштирок намуданд.