25 ноябри соли 2021 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) љињати баргузории мониторинг ва ташкили вохурии иттилоотӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф намуд.
Дар оғоз Аминзода Нодир бо котиби иљрояи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохурӣ намуда, бо кору фаъолияти филиал шинос гардид. Сипас, ӯ бо волонтёрони ҶҲАТ дар ин филиал, аъзоён, намояндагони маориф, тандурустӣ, ҷамоату маҳалаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохурӣ намуд. Зимни вохурӣ Аминзода оид ба таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзогӣ, барпо намудани ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ дар ҷамоату маҳалаҳо ва ташкилоту идораҳои гуногун суханронӣ намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.
Дар ин вохурӣ зиёда аз 45 нафар иштирок намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 26 ноябри соли 2021