Баргузории вохурии иттилоотӣ дар ноҳияи Вахш

0
690

16 декабри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Ҳабибуллоев Бобоҷон, роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Вахш вохурии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ ба омӯзгорон ва талабагони ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ маълумот дода, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён посухҳои мушаххас доданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 45 нафар иштирок намуданд.