Баргузории вохурии иттилоотӣ дар ноҳияи Шаҳринав

0
462

27 сентябри соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Шаҳринав чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Чорабиниро директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12  ва котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Шаҳринав Калонов Баҳриддин  ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд. Чорабинӣ ба таври интерактивӣ баргузор гардида, ба суолҳои зиёди иштирокчиён аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ посухҳои мушаххас дода шуданд.

Сипас Додова Ӯзбаквӣ, танзимгари барномаи “Иттилоот ва хадамоти ҷустуҷу”-и филиали ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Калонов Баҳриддин, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Шаҳринав оид ба фаъолияти башардустонаи ҶҲАТ ва хадамоти ҷустуҷӯ  суханронӣ намуданд.

Дар толори таълимӣ зиёда аз 50 нафар талабагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Ба иштирокчиён ҳамчунин баъзе аз машқҳои амалӣ оид ба фаъолияти ҶҲАТ ва омодагӣ ба расонидани ёрии аввали то духтурӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, баъди анҷоми чорабинӣ аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ дар шаҳраки Шаҳринав корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати истифода набурдани аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар муассисаҳои гуногуни ин ноҳия гузаронида шуд. Зимни ин амалиёт як амали истифодабарии ғайриқонунии аломати Салиби сурх дар дорухонаи Авестои шаҳраки Шаҳринав ошкор карда шуда, ба сарвари ин дорухона корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бартараф намудани ин камбудӣ аз ҷониби масъулини соҳа анҷом дода шуд.