Баргузории вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Турсунзода

0
1384

18 ноябри соли 2021 аз ҷониби Нодир Аминзода масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон (ҶҲАТ) ва Узбаквӣ Додова, танзимгари иттилооти ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар хамбастагӣ бо Маҳмуд Қурбоналиев, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Ин вохурӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Муҳаммадӣ Табарови шаҳри Турсунзода бо иштироки 60 нафар мактаббачагон ва омӯзгорони ин мактаб ташкил карда шуд.
Дар вохурӣ аз ҷониби Нодир Аминзода ва Узбаквӣ Додова оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳои мухтасар доир гардида, ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 19 ноябри соли 2021