Баргузории вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Гулистон

0
1398

26 ноябри соли 2021 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷиҳати ташкили вохурии иттилоотӣ ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд ташриф намуд.

Дар оғоз Аминзода Нодир бо котиби иљрояи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Гулистон  вохурӣ намуда, бо кору фаъолияти ин филиал шинос гардид. Сипас, вохурии судманд бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон ташкил карда шуд.

Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир ба омӯзгорон ва хонандагон дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, эҳтироми аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзогӣ ва волонтёр шудан ба ҶҲАТ суханронӣ намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.

Чорабинӣ бисёр шавқовар гузашта дар он зиёда аз 50 нафар иштирок намуданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 26 ноябри соли 2021