Баргузории вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Кӯлоб

0
797

Субҳи 8 сентябри соли 2022 Аминзода Нодир ва Малика Нозимова, намояндагони барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуданд.
Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ ба хонандагони синфҳои болои ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ суханронӣ намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 50 нафар иштирок намуданд.