Баргузории вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Ваҳдат

0
565

28 сентябри соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Ваҳдат аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Ваҳдат чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Чорабиниро ҷонишини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд. Чорабинӣ ба таври интерактивӣ баргузор гардида, ба суолҳои зиёди иштирокчиён аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ посухҳои мушаххас дода шуданд.

Дар толори таълимӣ зиёда аз 200 нафар талабагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Ба иштирокчиён ҳамчунин баъзе аз машқҳои амалӣ оид ба фаъолияти ҶҲАТ ва омодагӣ ба расонидани ёрии аввали то духтурӣ гузаронида шуд.