04 октябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии колеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Ҳисор чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Чорабиниро ҷонишини директори Муассисаи колеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд.
Сипас, Мавзуна Мирзоева, корманди намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъриху фаъолияти КБСС баромад намуд.
Дар толори таълимӣ зиёда аз 150 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки қаблан чунин баромадҳо, ҷиҳати паҳн намудани иттилоот ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ алакай дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун низ баргузор гардида буданд.