Баргузории вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Ҳисор

0
183

24 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии колеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Ҳисор чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Чорабиниро ҷонишини директори Муассисаи колеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд.

Сипас, Мавзуна Мирзоева, корманди намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъриху фаъолияти КБСС баромад намуд.

Дар толори таълимӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 24 майи соли 2024