Баргузории вохурии иттилоотӣ дар шаҳри Ҳисор

0
1844

28 октябри соли 2021 аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар хамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар шаҳри Ҳисор Мардонов Хуршед дар шуъбаи маорифи шахри Ҳисор вохурии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Дар ин вохурӣ 150 нафар директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои гуногуни шаҳри Ҳисор иштирок намуданд. Дар вохурӣ аз ҷониби Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳои мухтасар доир гардида, ба саволҳои сершумори донишҷўён посухҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамчунин, котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар шаҳри Ҳисор Мардонов Хуршед дар бораи фаъолияти бахш ба ҳозирин маълумот дод.
Дар фарҷоми вохурӣ ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ дар бораи ҶҲАТ тақсим карда шуд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 28 октябри соли 2021