26-28 октябри соли 2022 дар шањри Истанбули Ҷумҳурии Туркия вохурии минтақавӣ оид ба Фондрайзинг ва Коммуникатсия баргузор мегардад.
Вохурӣ аз ҷониби намояндагии Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи миёна ташкил карда шуда, дар он 150 намояндагони зиёда аз 45 кишвар иштирок менамоянд.
Бори аввал дар ин чорабинӣ намояндагон ҳам аз Ҷамъиятҳои миллии минтақаи Африка, Осиё, Аврупо ва ғайра иштирок менамоянд. Дар чорабинӣ намояндагони љамъиятњои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар табодули таҷриба намуда, ҳамчунин коршиносони соҳа аз ташкилотҳои гуногун оид ба усулҳои наву ҷолиби фондрайзинг ва коммуникатсия, расонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ҷолиб менамоянд.