Рӯзҳои 13-14 феврали соли 2025 дар толори меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) вохурии банақшагирии барномаҳое, ки бо дастгирии КБСС, @ICRC маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мегарданд, баргузор гардиданд.
Чорабинӣ бо баромади мухтасари роҳбарияти КБСС ва ҶҲАТ ҳусни оғоз гардида, сипас масъулони барномаҳо аз ҷониби ҶҲАТ ва КБСС дар бораи фаъолияти худ баромад намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пешкаш намудани маълумоти мухтасар оид ба рафти фаъолияти барномаҳо дар соли 2024 ва банакшагирии ягонаи фаъолияти барномаҳо барои соли 2025 буд.
Дар чорабинӣ ба ғайр аз масъулони барномаҳо, инчунин намояндагони ҶҲАТ, КБСС ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуданд.