Баргузории вохурии муштараки банақшагирии барномаҳое, ки аз ҷониби КБСС дастгирӣ меёбанд

0
582

7-8 феврали соли 2023 дар шахри Душанбе аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) вохурии банақшагирии барномаҳое, ки бо дастгирии КБСС маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)   амалӣ мегарданд, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти КБСС, ҶҲАТ ва ҳамаи масъулони барномаҳо аз ҷониби КБСС ва ҶҲАТ ширкат ва баромад намуданд.

Максад аз баргузории ин чорабинӣ ин пешкаш намудани маълумоти мухтасар оид ба рафти фаъолияти барномаҳо дар соли 2022 ва банакшагирии ягонаи фаъолияти барномаҳо соли 2023 буд.