18 марти соли 2021 дар дафтари кории Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), вокеъ дар шахри Душанбе вохурии Курбониён Баходур, котиби генералии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) ва Ангелина Шапп, сардори намояндагии КБСС дар Точикистон баргузор гардид.
Дар огози вохури Курбониён Баходур, котиби генералии ЧХАТ оид ба вазъи кунунии ЧХАТ ва барномахое, ки бо дастгирии КБСС аз чониби ЧХАТ амали мегарданд, маълумот дод.
Дар навбати худ Ангелина Шапп, сардори намояндагии КБСС дар Точикистон дар бораи фаъолияти КБСС дар Чумхурии Точикистон ба таври муфассал маълумот дода, аз хамкории зичи байни КБСС ва ЧХАТ изхори каноатманди намуда, дар бораи васеъ намудани хамкорихо бо ЧХАТ ва ташкилоту идорахои манфиатдори Точикистон иброз намуд.
Дар ин вохури хамчунин Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ЧХАТ, Аминзода Нодир, хамохангсози барномаи «Иттилоот ва хукуки байналмилалии башардусти»-и ЧХАТ, Муродчон Солив, Бехруз Миралибеков, Мавзуна Мирзоева, кормандони КБСС ва Лиана Курбанова, мушовири хукукии КБСС дар Осиёи Миёна иштирок намуданд.
Дар охир намояндагони КБСС ва ЧХАТ оид ба рушду такмили фаъолияти дучониба дар соли 2021 пешниходу баромадхо доир намуданд.
Маркази иттилооти ЧХАТ, шахри Душанбе, 18 марти соли 2021