Баргузории вохурии сабақҳои омухта дар соли 2021

0
1818

16 декабри соли 2021 дар толори Дастгохи ичроияи Кумитаи Марказии ЧХАТ бо дастгирии намояндагии Салиби Сурхи Олмон вохурии сабакхои омухта тибки лоихаи «Мусоидат ба Хилолхои Ахмар дар татбики ваколати ичтимоии дарозмуддат хамчун Чамъиятхои миллии ёрирасон бахри мардуми осебпазир дар Осиёи Маркази» баргузор гардид.
Дар вохури рохбарияти ЧХАТ, кормандони масъули Дастгохи ичроияи Кумитаи Марказии ЧХАТ, котибони ичроияи шахру нохияхои фарогири лоиха, кормандони лоиха, раисони ташкилотхои ибтидоии тачрибави, намояндагони Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва Салиби Сурхи Олмон иштирок намуданд.
Вохури бо суханони ифтитохии Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ЧХАТ, Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар оид ба рушд ва Парвиз Махмудов, корманди намояндагии Салиби Сурхи Олмон дар Чумхурии Точикистон огоз гардид.
Сипас, оид ба рафти амалишави, натичахо, тахлили дастовардхо, сабакхои омухташуда ва тачрибаи мувофик дар соли дуюми амалишавии лоиха шахсони мутассади баромад намуданд.

Маркази иттилооти ЧХАТ, шахри Душанбе, 16 декабри соли 2021