11 ноябри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Қосим Бозичаев, муовини роҳбари филиали ҶҲАТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хоруғи ВМКБ вохурӣ баргузор намуданд.
Дар ин вохурӣ аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ ба роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ дар бораи ҶҲАТ, тарзҳои созмон додани ташкилоти ибтидоии ҶҲАТ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ, аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохурӣ директори ин муассисаи таълимӣ хоҳиш намуд, намояндагони филиали шаҳрии ҶҲАТ дар шаҳри Хоруғ омада барои созмон додани ташкилоти ибтидоии ҶҲАТ мусоидат намоянд. Ин таклиф аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ пазируфта шуда, дар рузҳои наздик он амалӣ хоҳад гашт.