Баргузории вохурии иттилоотӣ дар литсеи №4-и шаҳри Душанбе

0
484

15 майи соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода ва Узбаквӣ Додова кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар литсеи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотӣ барои зиёда аз 60 нафар хонандагони синфҳои болоӣ барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Бояд қайд намуд, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, № 504 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар моҳи май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ баргузор мегардад.