13 марти соли 2024 аз ҷониби Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо филиали ҶҲАТ дар шаҳри Ҳисор чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба таъриху фаъолияти Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Ҳисор ташкил карда шуд.
Ин чорабинӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор барои зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои болоӣ барпо гардид.
Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.
Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 952 нафар хонандагони болаёқат аз шаҳри Ҳисор ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, он яке аз муассисаҳои таълимии бонуфуз ба ҳисоб меравад.