Имрӯзҳо аз ҷониби Нодир Аминзода ва Узбаквӣ Додова кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар муассисаҳои гуногуни кишвар дар доираи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба таъриху фаъолияти Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор мегарданд.
Имрӯз чунин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои зиёда аз 70 нафар хонандагони синфҳои болоӣ барпо гардид.
Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.