Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ дар ноҳияи Восеъ

0
1718

28 январи соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор гардид. Ин вохурӣ дар Муассисаи таълимии литсейи касбӣ-техникии ноњияи Восеъ, ба номи ба номи генерал-майор Рустами Холалӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар донишҷўён ва устодони муассиса иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Восеъ Разоќова Паримоњ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.
Яке аз иштирокчии фаъоли ин литсей Рањмоналӣ баъди вохурӣ иброз намуд, ки бори аввал дар бораи ин ташкилоти башардўст ба таври муфассал маълумот гирифта, дар оянда нияти ихтиёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дошта, мехоњад ба мардуми ниёзманди ноњияи Восеъ кўмак намояд.