29 январи соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рўдакӣ вохурии иттилоотӣ баргузор гардид. Ин вохурӣ дар Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 120 нафар донишҷўён ва устодони коллеҷ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Рўдакӣ Нуров Ҳадятулло оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.
Момогул Азизова донишҷўи бахши фанҳои гуманитарии Коллеҷ баъди вохурӣ иброз намуд, ки ба ў ин баромадҳое, ки аз ҷониби масъулини ҶҲАТ пешкаш гардиданд, бисёр маъќул гашта, аз ин баромадҳо ва филми мустанаде, ки барои онҳо намоиш дода шуд, иштирокчиён тавонистанд дар як фурсати кўтоҳ оид ба фаъолияти башардўстонаи ќисматҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар шиносоӣ пайдо намоянд. Ќариб ҳамаи онҳо омодаанд дар фаъолияти ҶҲАТ дар ноҳияи Рўдакӣ саҳми хешро расонда, ба оилаҳои ниёзманд кўмаки хешро расонанд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 29 январи соли 2021