27 январи соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар нимаи аввали рўз аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ вохурӣ бо 10 нафар волонтёрони фаъоли бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Ёвон ташкил карда шуд. Дар ин вохурӣ Аминзода оид ба фаъолияти бахши ҶҲАТ дар ин ноҳия ва фаъолияти волонтерон шинос гардида, вобаста ба мавзуҳои гуногун саволу ҷавоб намуд. Волонтёрон дар навбати худ пешниҳодоти худро оид ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо ва ҳавасмандии онҳо пешниҳодҳои гуногун намуданд.
Дар нимаи дуюми рӯз, вохурӣ бо зиёда аз 100 нафар донишҷўёни омӯзишгоњи касби техникии кишоварзии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар вохури аз ҷониби Нодир Аминзода дар ҳамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Ёвон Холов Маҳмадзоҳир оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.
Қисми зиёди донишҷӯёни ин омӯзишгоҳ дар охир хоҳиши шомил шудан ба сафи ихтиёриёни ҶҲАТ намуданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 27 январи соли 2021