Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ дар шаҳри Ҳисор

0
1687

25 январи соли 2021 аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуќуќи байналмилалии башардустии ҶҲАТ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар шаҳри Ҳисор Мардонов Хуршуд ва 20 нафар волонтёрони фаъоли ин бахш вохурии иттилоотї ташкил намуд. Дар ин вохурӣ  Аминзода Нодир оид ба фаъолияти бахши ҶҲАТ дар шаҳри Исфара ва волонтерон шинос гардида, вобаста ба мавзуҳои гуногун саволу ҷавоб намуданд. Волонтёрон дар навбати худ пешниҳодоти худро оид ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо ва ҳавасмандии онҳо пешниҳод намуданд.
Дар нимаи дуюми рўзи 25 январи соли 2021 вохурї бо 350 нафар донишҷуёни колеҷи омўзгории шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар вохурї аз ҷониби Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷўён посухҳои мушаххас доданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 26 январи соли 2021