Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ дар шаҳри Ваҳдат

0
21

Субҳи 27 августи соли 2024 аз ҷониби Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Кумитаи марказии  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо филиали ҶҲАТ дар шаҳри Ваҳдат чорабинии  иттилоотӣ оид ба таъриху фаъолияти Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Ваҳдат ташкил карда шуд.

Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №139 ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Ваҳдат барои зиёда аз 35 нафар омӯзгорон ва кормандон ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №139 ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Ваҳдат зиёда аз 1500 нафар хонандагони таҳсил намуда, он яке аз муассисаҳои таълимии бонуфуз дар шаҳри Ваҳдат ба ҳисоб меравад.