Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ дар шаҳри Исфара

0
1794

21 январи соли 2021 аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуќуќи байналмилалии башардустии ҶҲАТ вохурии иттилоотӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар шаҳри Исфараи вилояти Суѓд Алиматова Меҳри ва 15 нафар волонтёрони фаъоли ин бахш ташкил намуд. Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир оид ба фаъолияти бахши ҶҲАТ дар шаҳри Исфара ва волонтерон шинос гардида, вобаста ба мавзуҳои гуногун саволу ҷавоб намуданд. Волонтёрон дар навбати худ пешниҳодоти худро оид ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо ва ҳавасмандии онҳо пешниҳод намуданд.
Дар нимаи дуюми рўзи 21 январи соли 2021 вохурӣ бо 100 нафар талабагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раќами 61-и шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар вохури аз ҷониби Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷўён посухҳои мушаххас доданд.
Талабагони ин муассиса бисёр фаъол буда, дар охир бисёре аз онҳо хоҳиши шомил шудан ба сафи ихтиёриёни ҶҲАТ намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 26 январи соли 2021