13 сентябри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо намояндаи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Панҷ дар колеҷи тиббии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир ба донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ баромад намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён ва омӯзгорон посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 80 нафар иштирок намуданд.