Баргузории вохурӣ бо донишҷуёни колеҷи тиббии шаҳри Хоруғ

0
778

11 ноябри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Қосим Бозичаев, муовини роҳбари филиали ҶҲАТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар колеҷи тиббии шаҳри Хоруғи ВМКБ вохурии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир ба донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ маълумот дода, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 35 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.