Субҳи 15 декабри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Холов Маҳмазоҳир, роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Ёвон дар колеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ ба донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ маълумот дода, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 70 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.