Баргузории вохурӣ бо донишҷуёни колеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Леваканд

0
865

Имрӯз Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Тахмина Қурбонова, роҳбари филиали ҶҲАТ дар шаҳри Леваканд дар толори хониши колеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Леваканди вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ ба донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ маълумот дода, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён посухҳои мушаххас дод. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Баъди ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ дар саҳни бинои колеҷ бо якқатор донишҷуёни ин муассиса вохурӣ намуданд. Дар ин вохурӣ зиёда аз 150 донишҷуён иштирок намуданд.