Баргузории вохурӣ бо донишҷуёни колеҷи тибии ноҳияи Ховалинг

0
727

10 сентябри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар колеҷи тиббии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир ба омӯзгорон ва донишҷуёни ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ баромад намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён ва омӯзгорон посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар иштирок намуданд.