Баргузории вохурӣ бо намояндагони ҷамоатҳо

0
807

15 ноябри соли 2022 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вохурӣ бо намояндагони ҷамоатҳо ва котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва аломатҳои он презентатсия доир намуд.

Сипас, Ҷононаев Саидумар ва Зулфия Нуралиева оид ба фаъолияти барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” ба ҳозирин баромад намуданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ – ин шиносоии кормандони чамоатҳо бо фаъолияти ҶҲАТ ва барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” буд.