Баргузории вохурӣ дар колеҷи тибии шаҳри Кӯлоб

0
737

1 декабри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо танзимгари минтақавии барнома дар филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб дар колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуданд.
Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ ба донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ баромад намуда, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён ва омӯзгорон посухҳои мушаххас доданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 нафар иштирок намуданд.