Баргузории вохурӣ дар литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ

0
794

29 ноябри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Паримоҳ Разоқова, роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ дар ноҳияи Восеъ баргузор намуданд.
Ин вохурӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсеи касбӣ-техникии ба номи Рустам Холалиев” бо донишҷӯён ва устодони ин муассисаи таълимӣ доир гардид. Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир ба донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёршавӣ ба ҶҲАТ маълумот дода, ҳамчунин ба саволу дархостҳои донишҷуён посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ва устодон иштирок намуданд.