30 ноябри соли 2022 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Одинаева Зарина, роҳбари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор намуданд.
Ин вохурӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ бо мактаббачагон ин муассисаи таълимӣ доир гардид.
Дар ин вохурӣ Аминзода Нодир ба мактаббачагони синфҳои болоии ин мактаб дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, тарзҳои волонтёршавӣ ба ҶҲАТ маълумот дода, ҳамчунин ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас дод.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 70 нафар донишҷӯён ва устодон иштирок намуданд.