13 ноябри соли 2020 дар осоишгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб вохурӣ оид ба рушди ташкилӣ ва сабақҳои омӯхта аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор гардид.
Ин вохурӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба ҶҲАТ дар татбиқи ваколати иҷтимоии дарозмуддат ҳамчун ҷамъияти миллии ёрирасон баҳри мардуми осебпазир дар Осиёи Марказӣ ” бо дастгирии Салиби Сурхи Олмон ташкил гашта, дар он кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), намояндаи Салиби Сурхи Олмон иштирок намуданд.
Вохуриро муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ Файзализода Нурулло ҳусни оғоз бахшид.
Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и ҶҲАТ вохуриро роҳандозӣ намуда, мутобиқи рӯзнома кормандони лоиҳа вобаста ба амалишавии лоиҳа дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баромад намуданд.
Дар фарҷоми вохурӣ оид ба фаъолияти лоиҳа дар солҳои 2021-2022 нақшаи фаъолият тарҳрезӣ гардид.
Нодир Аминзода, масъули иттилооти ҶҲАТ, ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2020