Баргузории дарси кушод дар мактабҳои ноҳияи Рушон

0
39

Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ВМКБ бо мақсади огоз намудани фаъолиятхои лоиҳаи “Ташаккули кобилияти устувории кудакон ва чавонон дар Точикистон ба офатхои табии ва тагирёбии иклим тавассути тадбирхои кохиши хавфи офатхои табии ба кудакон нигаронидашуда ва бехатарии мактабхо”, аз таърихи 2.05.2024 то 5.05.2024 дар муассисахои таълимии максадноки лоиха- муассисахои тахсилоти миенаи умумии  №7-и дехаи Баррушон  ва  № 8-и дехаи Дерзуди чамоати дехоти Назаршо Додихудоеви нохияи Рушон оиди таъсис додани гуруххои зудамали мактаби оиди идоракуни хангоми холатхои фавкулода, дарсхои кушодро доир намуд. Дар чорабинихои мазкур зиеда аз 100 нафар хонандагони муассисахои  таълимии максаднок ва 15 нафар омузгорони ин муассисахои таълими ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии фаъолияти мазкур, тавассути саволу чавоб интихоб намудани аъзоени гурухи зудамали мактаби оиди идоракуни хангоми холатхои фавкулода ва тавассути онхо пахн намудани донишхо оиди  боз хам болотар  бурдани холатхои омодабошии хайати хонандагон ва омузгорони муассисахои таълимии мазкур дар холати рух додани офатхои табии буд.

Дар рафти чорабинихои мазкур намояндаи  шуьбахои маорифи нохия ширкат варзиданд ва тархрезии фаъолияти мазкурро бахои мусбат доданд.

Бояд кайд намуд,ки фаъолияти мазкур тавассути маблаггузории Хазинаи Кудакони Созмони Милали Муттахид (ЮНИСЕФ) дар Чумхурии Точикистон рохандози карда шуд.