19 июли соли 2023 дар толори Анри Дюнани Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.
Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро Президенти ҶҲАТ Қурбонов Саид Сафарович њусни оғоз бахшид. Дар ҷаласа мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
– Баррасии ҳисоботи Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиљаи фаъолияти Ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2023;
– Баррасии ҳисоботҳои Котибони иҷроияи филиалҳои филоятӣ ва минтақавии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2023;
– Дар бораи амалишавии фаъолияти лоиҳаи бехатарии озуқаворӣ;
– Дар бораи натиҷаи баргузории баҳодиҳии филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Зимни пешниҳоди Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2023 Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Қурбониён Б.Б. бахусус қайд намуд, ки дар давоми нимсолаи соли 2023 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ ва сохторҳои зертобеи он корҳои назаррасе ба анљом расиданд ва ҳамчунин якқатор кумакҳои башардустона ба мардуми ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд.
Вобаста ба мавзуъҳои рӯзнома шахсони мутасаддӣ баромад намуданд.
Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби аъзоёни Конференсияи марказии ҶҲАТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои далдор қабул гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 19 июли соли 2023