11 сентябри соли 2020 дар Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи навбатии Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони ҷамъият баргузор гардид.
Ҷаласаро Қурбонов Саид Сафарович, Раиси Конференсияи марказии ҶҲАТ, Президени ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшид.
Мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
– Ҳисоботи Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Б. оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар нимсолаи аввали соли 2020.
– Интихоботи Котиби генералии ҶҲАТ
– Баррасии лоиҳаи қарори конференсияи марказии ҶҲАТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Кумитаи марказии ҶҲАТ аз 16 июли соли 2016, №41”.
Дар аввал Қурбониён Баҳодур Бобоҷон, котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар нимсолаи аввали соли 2020 баромад намуд.
Сипас, доир ба интихоби Котиби генералии ҶҲАТ аз ҷониби Президенти ҶҲАТ, Қурбонов Саид Сафарович, пешниҳод гардид, ки вобаста ба фаъолияти хубу назарраси Қурбониён Баҳодур Бобоҷон номзадии ӯро ба 5 соли дигар ба ҳайси Котиби генералии ҶҲАТ пешниҳод карда шавад.
Баъди овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби аъзоёни комиссияи интихоботи Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон ба муддати 5 сол ба ҳайси Котиби генералии ҶҲАТ интихоб гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи сеюми рӯзнома яъне, лоиҳаи қарори конференсияи марказии ҶҲАТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Кумитаи марказии ҶҲАТ аз 16 июли соли 2016, №41” баррасӣ ва қабул гардид.
Бо ҳамин кори ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ ба анҷом расид.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 11 сентябри соли 2020