Баргузории Конференсияи марказӣ ва Анҷумани ҶҲАТ

0
1687

Санаи 14 январи соли 2021 дар толори Анри Дюнани Дастгоњи иљроияи Кумитаи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) Конференсияи марказї ва Анҷумани 22-юми ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.
Дар аввал Конференсияи марказии ҶҲАТ баргузор гардид, ки онро Президенти ЉЊАТ Ќурбонов Саид Сафарович њусни оѓоз бахшид. Дар љаласа мутобиќи рўзнома масъалањои зерин баррасї гардиданд:
– Оид ба људо намудани 0,06 га қитъаи замини Бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба соњибкори мањалї;
– Баррасии њисоботи Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиљаи фаъолияти Љамъият дар соли 2020;
– Баррасии њисоботҳои Котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе оид ба натиљаи фаъолияти Љамъият дар соли 2020;
– Баррасии лоињаи Нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон барои соли 2021;
– Баррасии лоињаи Нақша-чорабиниҳои моҳвораи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон барои соли 2021;
– Дар бораи муайян намудани теъдоди аъзоёни Анҷумани 22-юми Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон.
Зимни пешниҳоди Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2020 Котиби генералии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон Қурбониён Б.Б. бахусус қайд намуд, ки дар соли 2020 гарчанде, ки бар асари бемории коронавирус дар Тољикиситон бисёр ташкилоту муассисањо фаъолияти худро ба таври фосилавї ба роњ монданд, вале кормандон ва волонтёрони ЉЊАТ њамеша дар пањлуи мардум буда, кўмакњои гуногуни худро ба мардуми ниёзманди кишвар ва ба беморхонањои љумњурї расониданд.
Вобаста ба мавзуъњои рўзнома шахсони мутасаддї баромад намуданд.
Њамаи масъалањои рўзнома аз љониби аъзоёни Конференсияи марказии ЉЊАТ мавриди баррасї ќарор дода шуда, доир ба онњо ќарорњои далдор ќабул гардиданд.
Баъди ба анљом расидани Конференсияи марказии ҶҲАТ Анҷумани 22-юми ЉЊАТ барпо гардид, ки дар он мутобиќи рўзнома масъалањои зерин баррасї гардиданд:
– Дар бораи интихоби ҳайати аъзои Конференсияи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон;
– Дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2021-2025;
– Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби интихоб ва таъин намудани номзадҳо ба мақомоти роҳбарии ҶҲАТ.
Ҳамаи масъалањои дар рўзнома дарљёфта аз љониби аъзоёни Анҷумани 22-юми ЉЊАТ баррасї гардида, оид ба тасдиќи онњо ќарорњои дахлдор ќабул гардиданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 14/01/2021