Баргузории корҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус

0
1691

 Ихтиёриёни бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (МТТҲС) буклетҳо, варақаҳои иттилоотиро ба шаҳрвандони синну сол ва касбу кори мухталиф тақсим намуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории сироятии коронавирус маълумоти муҳиму зарурӣ пешниҳод намуданд.
Давоми ҳафтаи гузашта, яъне аз 1.05.2020 то 7.05.2020 дар ноҳияи Рашт 3668 нафар, аз ин шумора 1432 нафар мактаббачагон ба чорабиниҳои иттилоотӣ ва корхои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.
Чорабиниҳои иттилоотӣ дар донишгоҳ, корхонаву муассисаҳо, марказҳои савдою мағозаҳо, ошхонаву чойхонаҳо, дар дохили нақлиёти мусофиркашон, кумитаи маҳаллаҳо, хонаҳои истиќомати ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
21.04.2020 зимни сафари кории намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар доираи барномаи “Огоҳонидани аҳолӣ аз хатари минаҳо” ба ноҳияи Рашт доир ба масъалаи пешгирӣ аз сирояти коронавирус вохӯрӣ ва сӯҳбати хосаи волонтёрони ин барнома бо Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашти Маҳмадов Мирзо баргузор гардид. Иштирокдорон аз ин вохӯрӣ ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус маълумоти бештар ва муфид гирифтанд.
Фаъолияти волонтёрони бахшҳои ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт идома дорад.
Амрулло Ҳабибулоев, Котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт
Ноҳияи Рашт, 15 майи соли 2020 .