24 ноябри соли 2023 бо ташаббуси бахши кадрҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои кормандони нави Кумитаи марказии ҶҲАТ курси муқаддимавӣ ташкил карда шуд.
Бо ин мақсад аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромадҳои муқаддимавӣ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар доир гардид.
Дар чорабинӣ кормандони нави ҶҲАТ аз шуъбаҳои гуногуни Кумитаи марказии ҶҲАТ иштирок намуда, савияи дониши худро такмил доданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокчиён филми мустанади соҳавӣ намоиш дода шуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 24 ноябри соли 2023