Дирўз, 21 майи соли 2020 дар шаҳри Бохтар аз ҷониби номояндагони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон бо баландгўяк корҳои фаҳмондадиҳиӣ дар байни аҳолии шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки имрўзҳо намояндагони ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста дар байни аҳолии кишвар корҳои тарѓиботиро ҷиҳати пешгирӣ ва муҳофизат аз сирояти коронавирус баргузор нумуда, ба аҳолии кишвар варақаҳои иттилоотиро бо тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим менамоянд.
Илҳом Юсупов, масъули иттилооти бахши ҶҲАТ
дар минтақаи Бохтар, ш. Бохтар, 22 майи соли 2020