Баргузории машқи амалӣ дар МТМУ №40 ноҳияи Рашт

0
706

29 декабри соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 деҳаи Ҳисораки ҷамоати Ясмани ноҳияи Рашт дар доираи барномаи “Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад ва дар ҳамкорӣ бо Сандуқи Кӯдакони Созмони миллали муттаҳид машқҳои амалӣ баргузор намуд.

Дар чорабинии машқҳои амалӣ 2 намояндаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, 2 намояндаи шӯъбаи маориф, 3 нафар кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, директори муассиса ва 20 нафар омӯзгор ва зиёда аз 150 хонандаи муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Аз рӯи сенарияи заминҷунбӣ, бонгӣ хатар зада шуд, ки дар натиҷа 12 нафар дар ду синфхона ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Гурӯҳи идоракунии офатҳои табии муассисаи мазкур дар байни ҳамаи иштирокчиён фаъолиятшонро оғоз намуд. Дар рафти машқ баробари садо додани бонги хатар ба ҷои ҳодиса (майдончаи муассиса)мошини ёрии таъҷилӣ ворид гардид. Мувофиқи нақшаи тахлия, бо кумаки гурӯҳи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи муассисаи мазкур ва омӯзгорон хонандагон зуд аз дохили муассиса ба ҷои бехатар интиқол дода шуданд.

Дар рафти машқи амалӣ 12 ҷабрдидаро, ки бо ҷароҳатҳои шикасти устухон, хунравӣ ва ҳолати беҳушӣ қарор доштанд аъзои гуруҳ тавонист ба онҳо ёрии аввал расонида, онҳоро бо истифода аз замбараки тиббӣ ба ҷои бехавф расонад ва баъд аз он ба воситаи мошини ёрии таъчилӣ интиқол диҳанд.

Дар ҷараёни машқҳои амалӣ ба хонандагону омӯзгорони муассиса роҳҳои вокуниш дар сурати сар задани офатҳои табиӣ ба мисли заминҷунбӣ, садама ва расонидани ёрии аввали тиббӣ фаҳмонида шуд. Машқи амалӣ дониши аъзои гурӯҳро мукаммалтар намуд, чунки онҳо бори аввал дар машқи амалӣ иштирок намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ ба тамоми иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.