27 январи соли 2023 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 деҳаи Шаврқиёни ҷамоати деҳоти Нушори н. Тоҷикобод мувофиқи нақша дар доираи барномаи “Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони миллали муттаҳид (ЮНИСЕФ) машқҳои амалӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии машқҳои амалӣ намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод, намояндаи шӯъбаи маориф, 2 кормандони беморхонаи марказии ноҳия, директори муассиса, 20 омӯзгор, 12 узви ассотсиатисия падару модарон ва зиёда аз 200 хонандаи муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Аз рӯи сенарияи заминҷунбӣ, бонгӣ хатар зада шуд, ки дар натиҷа 12 нафар дар ду синфхона ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Гурӯҳи идоракунии офатҳои табии муассисаи мазкур дар байни ҳамаи иштирокчиён фаъолиятшонро оғоз намуд. Дар рафти машқ баробари садо додани бонги хатар ба ҷои ҳодиса (майдончаи муассиса)мошини ёрии таъҷилӣ ворид гардид. Мувофиқи нақшаи тахлия, бо кумаки гурӯҳи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи муассисаи мазкур ва омӯзгорон хонандагон зуд аз дохили муассиса ба ҷои бехатар интиқол дода шуданд.
Дар рафти машқи амалӣ 12 ҷабрдидаро, ки бо ҷароҳатҳои шикасти устухон, хунравӣ ва ҳолати беҳушӣ қарор доштанд аъзои гуруҳ тавонист ба онҳо ёрии аввал расонида, онҳоро бо истифода аз замбараки тиббӣ ба ҷои бехавф расонида ва баъд аз он ба воситаи мошини ёрии таъчилӣ интиқол диҳанд.
Дар ҷараёни машқҳои амалӣ ба хонандагону омӯзгорони муассиса роҳҳои вокуниш дар сурати сар задани офатҳои табиӣ ба мисли заминҷунбӣ, садама ва расонидани ёрии аввали тиббӣ фаҳмонида шуд. Машқи амалӣ дониши аъзои гурӯҳро мукаммалтар намуд, чунки онҳо бори аввал дар машқи амалӣ иштирок намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ ба тамоми иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.